Дар бораи Ошхона

Ошхонаи "Шоми Хуҷанд"

Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои болазаттарини миллии тоҷикӣ як ҷаҳон ҳаловат мебаред. Фазои ошхонаи "Шоми Хӯчанд" бо меъмории замонавию миллӣ сохта шуда дар он мебелҳои нарму ҷолиб барои мизоҷон гузошта шудааст.

Кормандони ошхона барои баланд намудани таъби болидаи мизоҷони худи сатҳи баланди хизматрасонӣ ва таъомҳои пур аз лаззатро пешниҳод менамоянд. Аз дидани ошхонаи рангину пурнури «Шоми Хуҷанд» шумо на танҳо як ҷаҳон ҳаловат мебаред, балки азизону меҳмонони шумо низ аз даъват шудани онҳо ба ин макон хело миннатдор мешаванд.

zal
hero01-free-img

Нури дида тоҷи сар бар меҳмонони худ мо мегӯем ва бо боварии том бар шумо баён менамоем ки аз ташрифи «Шоми Хуҷанд» шумо лаҳзаҳои хотирмонро бо худ мебаред.  Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоем, ки фурсати муносибро истифода бурда дусту ҳамкорон ва аъзоёни оилаи худро барои истеъмоли ғизоҳои беҳтарин ба ин даргоҳи нотакрор, таклиф намоед.

Шоми Хучанд дар маҳаллаи 1-ум советскийи шаҳри Душанбе дар сари роҳи кӯчаи Яккачинор қарор дорад. Вақти кории мо аз соати 09-и субҳ то соати 23:50 шаб аст.

Барои соҳибони нақлиёт тавақуфгоҳ дар назди ошхона, муҳайё шудаааст. Нафароне, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба ошхонаи мо омадан мехоҳанд, пас метавонанд аз истифодаи таксиҳои маршрутии №19, 33, 46 ва 25, истифода бибаранд.

Бинои ошхона иборат аз 2 ошёна буда дар як вақт имкон дорад, ки 200 нафарро хизматрасонӣ намояд. Мизоҷоне, ки мехоҳанд чорабиниҳои оилавӣ аз ҷумла ҷашни зодрӯз ва ё баргузории вохуриҳои корӣ сари мизи кориро дар даргоҳи мо гузаронанд мо омода ҳастем, ки пешакӣ тариқи телефон ба онҳо мизҳои лозимаро банд (брон) намоем.

Инчунин барои мизоҷон ошхонаи «Шоми Хучанд» масъалаи бурда расонидани хӯрокҳои миллиро ба хонаву ҷойи кори шумо, пешниҳод менамояд. Мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар вақти лозима, шумо хӯроки болаззатаринро дастрас намоед ва аз истеъмоли он баҳра бигиред.

Ошхона моҳи майи соли 2019-ум ба кор оғоз кардааст ва алакай дар муддати кутоҳтарин маъруфият ва эътибори худро дар байни ҷамъият басо пайдо намудааст. 

 

ВИДЕОСЛАЙД ОИДИ ОШХОНАРО БИНАГАРЕД

МОРО ТАВСИЯ МЕНАМОЯНД:

Барои маълумоти муфассал ба рақамҳои телефонии мо ва ё васоити иҷтимоӣ истифода баред:

(+992) 93 166 66 66

Васоити иҷтимоӣ